ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Август 2020
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

girl boy3

RSS-канал

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сомонаи расмӣ
  1. ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/.  84 нафар кӯдаконе, ки  соли сипаришуда аз кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла Ироқ бо ташаббуси  инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварда шуданд,  айни замон дар мактаб- интернатҳо ва  Хонаи кӯдакони ҷумҳурӣ  ҷойгир карда шудаанд. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода имрӯз  зимни нишасти хабарии ин  ниҳод дар ҳузури сершумори хабарнигорон баён дошт.
  2. ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон ба дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 282 адад муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардидааст, ки талаботи аксари онҳо қонеъ гардонида шуданд. Дар ин бора имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҳузури намояндагони ВАО  изҳор дошт.
  3. Рӯзи 9 ва 10-уми июли соли 2020 дар доираи Барномаи амали мақомот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ – Нидоев Ҳ., муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак – Низомов А. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Салихов З. ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи будубоши маҳкумшудагон дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак боздид ба амал овард.
  4. Нусратулло Махсум — яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қаҳрамони Тоҷикистон.
  5. ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо суқути давлати Сомониён халқи тоҷик дар зарфи ҳазор сол аз давлати миллии хеш маҳрум гашт ва дар ҳайати давлатҳои гуногуни аҷнабӣ умр ба сар мебурд. Танҳо дар ибтидои садаи XX бо шарофати Ҳокимияти Шӯравӣ халқи мо имкон пайдо кард, ки давлати хешро созмон диҳад. Ҳарчанд, ки раванди бунёди ин давлат тӯлонӣ ва пур аз муборизаҳо буд, бо вуҷуди он, шароити фароҳамомадаи ибтидои асри XX имкон дод, ки мо имрӯз давлати соҳибистиқлоли хешро бо номи Тоҷикистон дошта бошем. Чунин  нигоштааст номзади илмҳои таърих Абдулло ҒАФУРОВ зимни як мақолае, ки бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум (1 июн) ба унвонии АМИТ «Ховар» ворид гардид. 
  6. ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
  7. 26.06.2020, шаҳри Душанбе
    Ҳамватанони азиз!
     
    Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
  8. ДУШАНБЕ. 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Боғи Ирам ҳамоиши ҷавонони фаъол таҳти унвони «Бо Пешвои ваҳдатофарам ифтихор мекунам» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 
  9. Мувофиқи нақшаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи  19 июни соли 2020 кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дасгоҳи ВҲИ  дар самти вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санҷиш  гузарониданд.
  10. Рӯзи 22 июни соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Раҷабмо  бо ҳайати муштараки Дафтари СММ оид ба маводҳои мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), Дафтари зиддитерористии СММ (UNOCT) ва Маркази мубориза бо терроризми СММ (UN-CTC) тариқи бархат (онлайн) мулоқот намуд.

Назарпурсӣ

Кӯдаконро аз чӣ бояд ҳифз кард?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal